22 ноябр 2019, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Ваҳдат кафили сарҷамъию хушбахтии Тоҷикистон аст!

243
Ваҳдат  кафили сарҷамъию хушбахтии Тоҷикистон аст!-“Мо аз рӯзҳои аввал давлатдориро аз паёми сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон, хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон ва наслҳои ояндаи мардумамон минбаъд низ идома медиҳем. Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем”.
Ин нуктаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Прешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ёдрас намуданд.
Ваҳдат  кафили сарҷамъию хушбахтии Тоҷикистон аст!
Дар ҷамъомади ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузоргардида Муовини раиси Кумита Мирзозода Низом Юсуфӣ аз таърихи ба ҳам омадани тарафҳои даргир бо мақсади хотима додани низоҳо ва муттаҳид сохтани миллати ҷафокашидаю ранҷдида баҳри таъмини зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванд ва имзои Созишномаи умумии Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи 27-уми июни соли 1997 маълумот дода, ишора намуд, ки маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад ва дар ҷеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ падидор гардид.
-“Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”. Ҳамин сухани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кофист, ки моро сарҷамъ намояд ва зери як парчам баҳри пойдории ин оромӣ саҳм гузорем, - ибрози назар кард Мирзозода Н.Ю. ва иттиҳоди миллатро дастоварди бузург барои тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум донист.
Ваҳдат  кафили сарҷамъию хушбахтии Тоҷикистон аст!
Дар идома мутахассиси шӯъбаи ҳуқуқ Абдусамад Рашидов қайд намуд, ки ин санаи тақдирсоз имкон дод, ки кишвари мо ислоҳотҳои куллиро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим амалӣ созад.
Ба таъкиди Лутфулло Наврӯзов сардори Раёсати корҳои дастгоҳи марказӣ бошад, имрӯз сулҳи тоҷикон ба ҳадафи аслии худ - Ваҳдати миллӣ расидааст. Ва Сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон мебошанд. Беҳуда ҳам нест, ки Пешвои муаззами миллатамон гуфтаанд, ки Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.
Ҳамин тавр, дар нишасти кормандони дастгоҳи марказӣ ва дигар ташкилотҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар иштирокчиён низ андешаҳои худро вобаста ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ иброз намуданд.Ваҳдат  кафили сарҷамъию хушбахтии Тоҷикистон аст!
Неъмат Раҳмат,
мухбири "РБ"







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво