6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод беш аз 100 иншооти гуногун ба истифода дода мешавад

248
Ба ифтихори ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду барқарорсозии беш аз 100 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 22 иншоот ба истифода дода шуда, дар боқимондааш корҳои сохтмонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ идома доранд. Дар ин хусус 5 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар ноҳияи Тоҷикобод 32 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида истодаанд, ки маблағи умумияшон 24 миллиону 587 ҳазор сомонӣ мебошад. Ҳамчунин баҳри амалишавии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод то соли 2025 196 лоиҳа ба нақша гирифта шуда буд, ки то охири соли 2022 57 лоиҳа татбиқ гардид. Дар айни замон 32 лоиҳа мавриди амал қарор дошта, дар доираи 9 лоиҳаи дигар корҳои омӯзишӣ ҷараён доранд.

Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2003,9 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки дар айни замон нашъунамои он хуб мебошад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво