21 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ. Ба аҳолии деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ кумаки ғизоӣ расонида шуд

176
Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 4 августи соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо мақсади бартарафсозии пайомадҳои сел барои кумак ба осебдидагон, тоза кардани қубурҳои обгузар, кӯчаҳо ва роҳҳои деҳа аз селовардҳо 120 сокини деҳа ва 6 техникаи муҳандисӣ ҷалб гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар натиҷаи ҳашар 2 ҳавлӣ, 12 иншооти ёрирасон, 2 километр роҳ, 400 метр селроҳа ва 800 метр ҷӯйбор барои обёрии заминҳо аз ҳар гуна ифлосӣ, лойқа ва регу санг тоза шуданд.

Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ 1000 кило орд, 60 кило макарон, 100 литр равғани рустанӣ, 40 кило шакар ва 40 кило чой кумак намуд.

Корҳои бартарафсозии пайомадҳои сел идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки 28 июл дар ҳудуди деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи баландкӯҳи Айнӣ сел омада, ба боғу зироати мардум, кӯчаю роҳрав ва баъзе хонаҳои истиқоматӣ хисорот расонид.



АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво