17 июн 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

МУРҒОБ НЕ, МАРҒОБ! Кумитаи забон ва истилоҳот номи объектҳои ҷуғрофиро ба меъёрҳои номгузории миллӣ мутобиқ менамояд

139
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки 7695 номи объектҳои ҷуғрофӣ ва 5083 маҳалли аҳолинишинро ба меъёрҳои номгузории миллӣ мутобиқ намояд. Дар ин хусус 3 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Раиси Кумита, дар бисёре аз маҳаллаву ноҳияҳо дар вақти номгузорӣ қоидаҳои имлои забон риоя нашудаанд ва онҳо бояд ба меъёрҳои забони адабӣ мутобиқ шаванд. «Масалан, номи ноҳияи Мурғоб, ки пештар ғалат навишта шуда буд, ислоҳ шуда, барои иваз намудани он номи таърихияш- Марғоб пешниҳод гардид», -гуфт Раиси Кумитаи забон.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Комиссияи номгузории номҳои миллии тоҷикӣ ба 398 муроҷиаткунанда оид ба номгузории фарзанд хулосаи дастгирӣ дода шуда, ба 252 муроҷиаткунанда оид ба номгузории фарзанд бинобар мутобиқат накардан ба меъёрҳои забони тоҷикӣ хулосаи рад пешниҳод гардид. Инчунин ба 7 маводи судӣ хулосаи забоншиносӣ пешниҳод шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво