12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт 740 иншоот ба истифода дода мешаванд

161
Дар ноҳияи Ашт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти гуногун идома дошта, ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 740 иншоот ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат бунёди силсилаи корхонаҳои хурду бузург ба нақша гирифта шуда, имрӯзҳо дар бархе аз онҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт 740 иншоот ба истифода дода мешаванд
Тавре хабар дода мешавад, дар ноҳияи Ашт соҳаи саноат рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол аз сол бештар мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 219 миллиону 211 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 131 миллиону 317 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз 17 намуди асосии маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшаванда дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли 16 номгӯй зиёд гардидааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни корҳои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи консервабарорӣ ва сардхонаи замонавӣ дар деҳоти Шодоба ва фабрикаи ресандагӣ шинос гардида, таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи вусъати корҳои сохтмонӣ ва зиёд намудани шумораи сохтмончиён дар иншооти саноатӣ равона намуд.

Дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт бинои таваллудхона барои 10 кат сохта шуда, тибқи иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ қариб 85 дарсад иҷро шудаанд. Иншооти мазкур бо харҷи 5 миллиону 190 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Фонди хайриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бунёди таваллудхонаҳо дар деҳоти дурдаст масъулинро вазифадор намуд, ки иншооти мазкур бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин карда шавад.



АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво