29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Суди Олии иқтисодӣ доир ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид

578
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва обу хоки аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд. Ин нукта зимни ҳамоише, ки имрӯз, 26 июн дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-омили муҳимтарини ҳастии миллат» баргузор шуд, баён гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Абдуҷаббор Қодирзода иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон буда, бо ташаббус ва иродаи матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввал бо паёми сулҳ ба сари қудрат омаданд ва дар ниҳоят ба Ватан ва миллат ваҳдат оварданд. Инак, 21 сол аст, ки мардуми шарифи тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ зиндагӣ доранд. Заҳматҳо ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат буд, ки ҳар як фарди ҷумҳурӣ Пешвои худро дастгирӣ ва аз ӯ пайравӣ мекунанд»,-таъкид намуд Абдуҷаббор Қодирзода.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ҳамчун намунаи нодир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, мавриди омӯзиш қарор дорад.

Бояд гуфт, ки дар ҳамоиши мазкур судяҳои Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе маърӯза карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво