19 июл 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 дар Норак 5 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд

163
Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ҷиҳати саноатикунонии шаҳри Норак соли 2023 аз тарафи соҳибкорони шаҳр 5 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ, аз қабили корхонаи истеҳсоли хишти пухта, коргоҳи истеҳсоли шарбати анор ва коргоҳҳои истеҳсоли гӯшти паранда, орд ва молҳои дӯзандагӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар айни замон дар корхонаи истеҳсоли хишти пухта дастгоҳҳои зарурӣ насб гардида, он дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад. Чунин иттилоъ дода шуд 3 август ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 дар Норак 5 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд
Имрӯзҳо дар шаҳри Норак 19 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1778 нафар кормандон бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар шаш моҳи соли 2023 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 887,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137,9 миллион сомнӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва ба истифода додани 180 иншоот, аз ҷумла 8 бинои маъмурӣ, 8 муассисаи таълимӣ, 6 муассисаи табобатӣ, 5 майдончаи варзишӣ, 20 корхонаю коргоҳи саноатӣ ва 131 иншооти хизматрасонию сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 42 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонию навсозӣ идома доранд.

Таъкид шуд, ки барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Норак 3 меҳмонхона, 29 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 46 мавзеи сайёҳӣ, 186 истироҳатгоҳ, 5 тарабхона ва боғҳои фарҳангию мағозаҳо фаъолият доранд. Дар шаш моҳи соли 2023 бо мақсади тамошо ва истироҳат 65 ҳазору 465 сайёҳи дохилӣ ва 3202 нафар меҳмонони хориҷӣ бо мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Норак шинос шуданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво