ЯКШАНБЕИ ЯКУМИ АВГУСТ-РӮЗИ РОҲИ ОҲАНЧИЁНИ ТОҶИК! Барои зиёд намудани ҳаҷми боркашонию мусофирбарӣ мунтазам сабукиҳо пешниҳод мешаванд
104
Ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи якуми моҳи август Рӯзи роҳи оҳанчиёни тоҷик ҳисобида мешавад. Бахшида ба ин иди касбӣ имрӯз баргузории бархе чорабиниҳо дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар партави дастуру супоришҳо ва роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ он ба дастоварду муваффақияти зиёди меҳнатӣ ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши муасир мегузорад. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз ҷониби корхона дар ҳаҷми 3 миллиону 206 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 457,6 ҳазор тонна ё 16,6 % зиёд мебошад. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар шашмоҳаи аввали соли 2023 содироти молҳои хоҷагии халқ 378,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Воридоти молу маҳсулоти гуногун 2 млн 553 ҳазор тоннаро дар мегирад, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 626 ҳазор тонна зиёд аст. Бояд гуфт, ки Роҳи оҳани Тоҷикистон дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёд намудани ҳаҷми боркашонию мусофирбарӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандон ҷиҳати истифода аз хизматрасониҳои роҳи оҳан мунтазам сабукиҳо пешниҳод менамояд. Масалан, барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 30% то 80% сабукӣ, барои семент аз 30% то 50%, барои алюминий- 60%, барои гилхок- 10%, барои сӯзишворӣ- 40%, барои кашонидани пиёз аз ҳамаи истгоҳҳои Хатлон то истгоҳи Амузанг- 80% ва барои дигар намуди борҳо вобаста аз истгоҳи борфиристӣ 30% сабукӣ пешниҳод гардидааст. https://tajsohtmon.tj/uploads/posts/2023-08/1691135298_rohi-ohani-tochikiston-8.jpg Роҳбарияти Роҳи оҳани Тоҷикистон дар оянда нақша доранд, ки барномаи боркашонии содиротиву воридотии мамлакатро тавассути роҳи оҳан таъмин намуда, мусофиркашонӣ ва хизматрасонӣ ба мусофиронро боз ҳам бештару беҳтар гардонанд. Ҳамзамон сармояи бештари хориҷӣ ҷалб намуда, вагонҳои наву муосир харидорӣ намоянд. АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»/ аз бойгонӣ
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |