5 декабр 2023, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Моҳи август ду ҳодисаи пуррашавии моҳ ба амал меояд

152
Моҳи август ду ҳодисаи пуррашавии моҳ (бадр) ба амал хоҳад омад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба шабакаи телевизионии Sky News хабар додааст.

Зери мафҳуми ин истилоҳ падидае фаҳмида мешавад, ки моҳи пурра дар нуқтаи наздиктарини Замин қарор мегирад. Дар ҳамин лаҳза моҳ нисбат ба мавқеи дурдасти худ 14% бузургтар ва 30% равшантар ба назар мерасад.

Аввалин пуррашавии моҳ (бадр) аллакай 1 август рух дод ва дуюминаш 30 август ба амал меояд. Моҳи дуюми пурраро аслан моҳи кабуд меноманд.

Мунаҷҷимон ишора менамоянд, ки ҳангоми пуррашавии моҳ ҳатто бо истифода аз дурбинҳо ва телескопҳои одитарин дар моҳ баҳрҳо ва шуоъҳои танӯраҳои онро, ба шарте ки ҳаво мусоид бошад, дидан мумкин аст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АЗЕРТАҶ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво