8 декабр 2023, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ САРЧАШМА МЕГИРАД. 1 км роҳи асосии деҳаи «Ҷовидон»-и шаҳри Турсунзода асфалтпӯш мегардад

196
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи «Ҷовидон»-и Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкори баномуси ин диёр Умаралӣ Сафаров ният доранд, ки қариб 1 км роҳи асосии маҳалларо асфалтпӯш намоянд. Ҳоло корҳои ҳамворкунии роҳҳо ва васеъ намудани ду пули деҳа муташаккилона идома дорад.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Ташаббусҳои неку созандаи аҳли ин деҳа ба ободии маҳали зист ва дар руҳияи созандагию ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон равона гардидаанд.

Дар назар аст, ки дар наздиктарин фурсат роҳи байнидеҳавӣ бо иқдоми соҳибкори саховатпеша ва сокинони ҷамоати деҳот бо сифати баланд асфалтпӯш гардад. Бояд гуфт, ки роҳҳои деҳаи мазкур ҳатто дар замони пеш аз соҳибистиқлолӣ низ асфалтпӯш нашуда буданд. Ин иқдом орзуи чандинсолаи мардуми деҳаро амалӣ менамояд.
ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ САРЧАШМА МЕГИРАД. 1 км роҳи асосии деҳаи «Ҷовидон»-и шаҳри Турсунзода асфалтпӯш мегардад


Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 4-ишаҳри Турсунзода тибқи нақша 3 гурӯҳ ва 2 майдончаи варзишӣ таъмир гардида, қисмати берунии боғча низ рангу бор шуд. Инчунин шиору овезаҳо иваз гардида, масъулин 30 кати замонавӣ ва рӯйпӯшҳо хариданд.

Тибқи иттилои мудири кӯдакистон Фируза Собирова, дар давраи солимгардонӣ байни кӯдакон бозиҳои гуногуни шавқовар гузаронида шуда, ҳамзамон таъмири ҷории боғчаи мазкур идома меёбад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво