8 декабр 2023, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор Маҷмааи муқаддасоти миллӣ — Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ бунёд мегардад

129
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Маҷмааи муқаддасоти миллӣ — Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ бунёд карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор Маҷмааи муқаддасоти миллӣ — Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ бунёд мегардад
Бо мақсади тақвияти корҳои сохтмонӣ дар назди иншооти ҷашнии Маҷмааи Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ, ки дар шафати чойхонаи миллии «Харбуза» бунёд мегарданд, таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Ҳисор ҷаласаи сайёри корӣ баргузор шуд.

Дар он эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, ки соҳибистиқлолии давлатамонро муаррифӣ менамоянд, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа маънидод шуда, поягузорӣ кардани он чун таҷассуми муҳаббату садоқат ва нишонаи идомаи анъанаҳои неки аҷдодиамон дар яке аз мавзеъҳои зебои шаҳр мояи ифтихору сарфарозии сокинони шаҳр арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дастгирии соҳибкорон Маҷмааи муқаддасоти миллӣ — Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр ва Парчами миллӣ бо баландии 45 метр бунёд меёбанд. Тибқи лоиҳа. роҳраву майдони атрофи маҷмаа чароғон ва майсазор шуда, бо гулу бутта ва дарахтони ороишӣ зиннат дода мешавад. Ҳамчунин дар атрофи маҷмаа барои кӯдакон бунёди боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, насби аттраксионҳо барои дилхушии кӯдакон дар назар дошта шудааст. Изҳори итминон карда шуд, ки ояндаи наздик боғ ба яке аз мавзеъҳои барои сокинону меҳмонон ҷолиб табдил ёфта, ба ҳусни шаҳр зебогию дилрабоӣ мебахшад.
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор Маҷмааи муқаддасоти миллӣ — Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ бунёд мегардад


Дар робита ба тақвияти корҳои сохтмонӣ масъулин ба насби сангҳои ороишӣ, хаттотии навиштаҷот дар санг, кашидани хатҳои оби полезӣ ва ошомиданӣ, сафолакпӯшнамоии роҳравҳо, насби нишастгоҳҳо, чароғонкунӣ, бунёди ҷӯю обпарто ва партовгоҳҳо, гулшинонӣ ва сабзазоркуниву дарахтшинонӣ, кишти зироат дар майдон, инчунин дигар хизматрасонии иҷтимоӣ вазифадор шуданд.

Раиси шаҳр муҳлати анҷоми корҳои сохтмониро охири моҳи август ва ифтитоҳи иншоотро дар арафаи таҷлили ҷашнҳои дарпешистодаи миллиамон муайян намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво