Имсол дар Тоҷикистон 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» таҷлил мешавад, ки дар робита ба ин аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ дод Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Ёдгории таърихии «Тахти Сангин» дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шуда, моҳи ноябри соли 2021 номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.
Вазири фарҳанг иброз намуд, ки «дар айни замон корҳо дар ёдгории таърихии «Тахти Сангин» идома дошта, барои таҷлили ин ҷашни таърихӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида истодаем. Аз ҷумла, аз тарафи Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармим, барқарорсозӣ ва муҳофизати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» -и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо пеш бурда шуда истодаанд. Вазорат тасмим гирифтааст, ки барои болопӯш намудани ин ёдгории таърихӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонад.
Дар охир пешниҳод гардид, ки моҳи августи соли равон барои рӯзноманигорон ба ин мавзеъи таърихӣ саёҳати фарҳангиву сайёҳии дохилӣ ташкил шавад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»