12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«НБО «РОҒУН: ФУРӮҒИ НУРИ РАҲМОНӢ». Сафари аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сохтмони НБО «Роғун»

1105
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо сарпарастии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саёҳати таърихии фаъолон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Ҳисор ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти унвони «НБО «Роғун: Фурӯғи нури Раҳмонӣ» доир гардид.
«НБО «РОҒУН: ФУРӮҒИ НУРИ РАҲМОНӢ». Сафари аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сохтмони НБО «Роғун»
Масъулони неругоҳ ҳайати меҳмононро бо минтақаҳои сохтмон шинос карда, аз саҳми Пешвои муаззами миллат дар оғоз ва ҷараёни сохтмони неругоҳ, чӣ гуна баста шудани маҷрои дарёи Вахш аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ифтитоҳи ду агрегат бо иштироки Роҳбари давлат ёдовар шуданд.

Ҳамчунин аз заҳмати шабонарӯзии мутахассисону кормандони неругоҳ, қаҳрамониҳои онҳо, ки беш аз 95 фисадашро мутахассисони ватанӣ ташкил дода, бародарвор паҳлу ба паҳлуи ҳам истода, иншооти азими асрро бунёд менамоянд, нақл намуданд.

Баъд аз тамошои мавзеи сохтмон ҳамоиш баргузор шуд, ки иштирокдорони он дар мавзуъҳои «Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон- сарпарасти маънавии НБО «Роғун», ««НБО Роғун»- шоҳкории беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Сохтмони НБО «Роғун»- василаи рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Эмомалӣ Раҳмон–сармеъмори НБО «Роғун», «НБО «Роғун -Кохи нури Тоҷикистон ва ифтихори ватандорӣт» маъруза намуданд.


«НБО «РОҒУН: ФУРӮҒИ НУРИ РАҲМОНӢ». Сафари аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сохтмони НБО «Роғун»
Таъкид шуд, ки воқеан Роғун ба майдони шуҷоату ҷоннисорӣ, мактаби худшиносиву камолот ва минбари баланди ифтихору пирӯзиҳои миллати тоҷик табдил ёфтааст. Гуфта шуд, ки бо дарки аҳамияти бузурги иқтисодӣ доштани тавлиди энергияи «сабз», нуфузи он дар рушди саноат ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ бо тадбири саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми шоиставу деринтизори миллати тоҷик – сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»шуруъ гардид.

Оид ба бунёди ин иншооти аср олимону донишмандони маъруфи сайёра андешаҳои худро иброз дошта, ба он чун лоиҳаи ҳаётан муҳим ва дорои аҳамияти ҷаҳонӣ, муъҷизаи зеризаминӣ ва сулҳофар баҳо додаанд. Он дар баробари заминаи рушди босуботи иқтисодӣ барои ҳалли якчанд мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмини амнияту сулҳу субот дар кишварҳои минтақа тадбири саривақтии муассир аст.

Роғун на танҳо иншооти азими аср аст, балки он сари баланду рӯйи сурхи тамоми тоҷику тоҷикистониён аст,-афзуданд нотиқон. Ва Роғунро шоҳкории беназири фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаъну шараф, арсаи нанг ва сари баланди миллати тоҷик баҳогузорӣ намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ба роҳбарону сохтмончиёни пешқадами НБО «Роғун» сипосномаҳои КИМ ҲХДТ, Раиси шаҳри Ҳисор, КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор, Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Ҳисор, инчунин китобҳо тақдим гардиданд. Ҳамзамон ҳунарпешаҳои бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор, ансамблҳои эстрадии «Шодмон», фолклорӣ-этнографии «Бобоҷонҳо» ва рақсии «Сарвиноз» барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш намуданд.

Инчунин адибони шинохтаи тоҷик Муҳаммад Ғоиб ва Ато Ҳамдам НБО-и «Роғун»-ро васф намуда, ба бунёдгузорони он офарин хонданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво