БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Гулистон корхонаи истеҳсол ва таъмири трансформатор бунёд мешавад
171
20 июл роҳбарияти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсол ва таъмири трансформатор амалӣ гардида истодааст. Коргоҳи мазкур дар масоҳати 0,45 га қомат афрохта, асосан ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ машғул мегардад. Дар асоси лоиҳа бинои маъмурӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ бунёд гардида, баробари фаъол гаштани он 10 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Гулистон ҳамчунин бунёди фабрикаи мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парандаи заррин» идома дорад. Он дар масоҳати 2 гектар доман паҳн карда, дар он дар марҳилаи аввал ду иншоот барои парвариши парранда бунёд гардидааст. Дар ин фабрика дар як навбат то 20 ҳазор мурғ парвариш мешавад. Ҳамчунин дар шафати фабрикаи парандапарварӣ масъулин азм доранд, ки коргоҳи истеҳсоли равған ба истифода диҳанд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |