23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе доир ба ҳунарҳои мардумӣ дастури библиографӣ ба нашр расид

710
«Ҳунарҳои мардумӣ – шаҳодатномаи миллат»- чунин ном дорад дастури нави библиографие, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар матбааи «Паёми ошно» ба тозагӣ ба нашр расидааст.

Тавре аз маркази матбуоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, китоб дар таҳияи муҳаққиқ ва омӯзгори ҷавону умедбахши соҳаи китобдорӣ Ситора Абдумуминзода ба нашр расидааст.

Ситора Абдумуминзода асари мазкурро, ки муаррифи ҳунарҳои мардумӣ мебошад, дар асоси захираҳои мақолаҳои матбуоти даврӣ ва асарҳои илмӣ ҷамъоварӣ ва таҳия намудааст.

Бояд зикр кард, ки ин дастури библиографӣ аз ду қисми асосӣ ва дастгоҳи маълумотдиҳии нашр иборат аст. Дар қисми якуми дастур доир ба ҳар як ҳунари мардумӣ, аз қабили адрас ва атласбофӣ, рағзабофӣ, қолинбофӣ, намадмолӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакан, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, муҳрабофӣ, шерозбофӣ, ҷӯроббофӣ, пойафзолдӯзӣ, читгарӣ, заргарӣ, мисгарӣ, кулолӣ, кандакорӣ ва ғайра, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рушд намудаанд, маълумоти мушаххас оварда мешавад. Ҳамчунин дар ин бахш вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшаванда барои аёнияти андешаҳо расмҳои ранга оварда шудаанд.

Қисми дуюми дастур фарогири маводи иттилоотӣ-библиографӣ буда, дар ин ҷо тасвири библиографии мақолаҳо дар матбуоти даврӣ, нашрияҳои илмӣ ва сомонаҳои интернетӣ оид ба ҳунарҳои мардумӣ нашршуда оварда шудаанд. Унвони ҳамаи мақолаҳо бо забони асл омада, нашри мақолаҳо дар дохили он бо тартиби алифбо, аввал ба забони тоҷикӣ ва сипас ба забони русӣ мураттаб гардидаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво