18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар маҳаллаи “Бадахшон 2”-и шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт

617
Дирӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи “Бадахшон 2”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе майдончаи варзишии замонавиро ба истифода супорид.

Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар маросими кушодашавии майдончаи варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи майдонча волонтёрҳои назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои хориҷӣ хайрамақдам гуфтанд.

Сохтмони майдончаи мазкур дар давоми 3 моҳ бо харҷи 540 ҳазор сомонӣ сохта шуда, масоҳати умумиаш 720 метри квадратиро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур аз майдончаҳои футбол, волейбол, баскетбол ва ташноб иборат мебошад. Ҳамзамон дар шафати майдончаи варзишӣ гулгашти зебое бунёд гардида, дар он баҳри дилхушии кӯдакону наврасон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар дохили майдончаи варзишӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки меҳмонону сокинони маҳаллаи мазкур аз он дидан намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба сатҳи корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, зикр намуд, ки иншооти мазкур ба наврасони маҳаллаи Бадахшони ноҳияи Шоҳмансур дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ туҳфаи арзанда мебошад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода аз кумаку ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли наврас ва саҳми арзандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва тақвияти тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин ҳама ба шарофати сулҳу субот дар кишвар ба вуқӯъ мепайвандад.

Қобили зикр аст, ки майдончаи варзишии мазкурро Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамбастагӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бунёд намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво