28 феврал 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«БАРНОМАИ УСТУВОРГАРДОНИИ ШАҲРИ ХОРУҒ». Дар доираи он ба 53 зермаҳалла масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид

53
Дар доираи «Барномаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ» бо дарназардошти рушди инфрасохтор дар 21 маҳалла ва 113 зермаҳаллаи шаҳр дар заминаи ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо шарикони рушд ҳоло татбиқи 113 лоиҳаи нави сармоягузорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми ҷомеа давоми солҳои 2022-2023 дар шаҳри мазкур амалӣ гардида истодааст. Тибқи лоиҳаҳои мазкур, ба сокинони зермаҳаллаҳои Дашти Боло, Ниводак, Чухтхоруғ, Тем ва Хоруғи боло масолеҳи сохтмонии зарурӣ, аз қабили қубурҳои обӣ, семент ва сим дастрас карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
«БАРНОМАИ УСТУВОРГАРДОНИИ ШАҲРИ ХОРУҒ». Дар доираи он ба 53 зермаҳалла масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид
Ёдовар мешавем, ки Барномаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз барои беҳтар гардонидани инфрасохтори шаҳр– таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ, бунёди иншооти варзишӣ ва бозии кӯдакона, сохтмон ва навсозии каналҳо, кандани чоҳҳои амудӣ, чароғонкунии кӯчаву паскӯчаҳо ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим ба роҳ монда мешавад. Дар оғози татбиқи лоиҳа нахуст сокинони панҷ маҳаллаи шаҳр бо масолеҳи дархостшуда таъмин мегарданд.

Ҳамин тариқ, соли 2022 барои сокинони маҳаллаи Дашти Боло 417 метр қубури 280-диаметра дастрас карда шуд, ки ба бартараф намудани норасоии оби ошомиданӣ ва полезӣ мусоидат намуд. Барои сокинони маҳаллаи Андарситез 715 метр қубур, барои сокинони Хичордев 209 метр ва барои сокинони кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ 90 метр қубур, инчунин семент ва тахта дастрас карда шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадафҳои «Барномаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ» бо ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пурра тавъам буда, аксари онҳо дар доираи таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво