8 декабр 2023, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бӯстон маркази хизматрасонии «Artel» ифтитоҳ ёфт

152
Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маркази хизматрасонии «Artel» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Иншооти мазкур дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров воқеъ буда, минбаъд мутахассисони варзида ба мизоҷон хизмат мерасонанд.

Тибқи иттилои масъулин, маҳсулоти истеҳсолии ширкати «Artel» аз соли 2019 инҷониб дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шуда, солҳои охир бо шарофати сиёсати дӯстонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев фаъолияти ширкати истеҳсолии «Artel» густариш ёфт.

Ширкат то ин дам зиёда аз 300 нуқтаву маркази фурӯши худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, азм дорад эътимоди мизоҷонро дар бозорҳои дохилу хориҷӣ ба даст орад.

Ин амали соҳибкорони ватандӯстро метавон қадами устувор дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди саноат (2022-2023) унвон намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво