21 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа соҳиби хона мешаванд

155
Гурӯҳе аз кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар остонаи 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби хонаҳои истиқоматӣ мегарданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа соҳиби хона мешаванд
Ба гуфтаи муҳандиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Инвестстрой» Насим Имомқулов, «ҳоло корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, танҳо баъзе корҳои ҷузъӣ боқӣ мондаанд, ки давоми якуним моҳи оянда ба охир мерасанд. Бино аз панҷ ошёна иборат буда, таҳкурсии он се сол пеш гузошта шуд. Хонаҳо аз як ва ду ҳуҷра иборат мебошанд, аммо хеле васеъ ва бароҳат ҳастанд. Сифати корҳои бинокорон низ ба меъёрҳои сохтмонии замони муосир посухгӯ мебошад. Ин бинои истиқоматӣ дар маркази ноҳия-дар канори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир буда, кормандони масъули мақомоти мазкур ҳар сари чанд вақт кори бинокоронро назорат мекунанд ва то ҳол аз тарафи онҳо ягон эрод гирифта нашудааст».

«Ҳамзамон дар паҳлуи ин бино боз як бинои дигари панҷошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад. Ҳоло бинокорон корҳои хиштчинию бетонрезиро дар ошёнаҳои якуму дуюм ба анҷом расонида, ҳафтаи оянда корҳоро дар ошёнаи сеюм идома медиҳанд»,-афзуд Насим Имомқулов.

Ин дуюмин бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти давлатии ноҳия аст, ки дар замони истиқлоли давлатӣ бунёд мегардад. Чанд сол пеш дар маркази ноҳия хонаҳои истиқоматии якошёнаи як ва дуҳуҷрагӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар баробари ин бинои истиқоматӣ ҳамчунин дар маркази ноҳия сохтмони биноҳои Беморхонаи марказӣ, Муассисаи давлатии Мактаби президентӣ ва шуъбаи шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират идома дорад.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин биноҳои хуштарҳу замонавӣ симои маркази ноҳияи Роштқалъа ба таври куллӣ тағйир меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво