28 феврал 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода корҳои таъмиру асфалтпӯш намудани роҳҳои байнидеҳавӣ идома дорад

69
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода асфалтпӯшкунии роҳҳои байнидеҳавӣ дар байни сокинони деҳоти шаҳри Турсунзода ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода корҳои таъмиру асфалтпӯш намудани роҳҳои байнидеҳавӣ идома дорад
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд, бахусус сокинони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият дар ин самт пешсаф мебошанд. Аз оғози имсол дар ҳудуди ин деҳот зиёда аз 15 км роҳи байнидеҳавӣ бо сифати баланд асфалтпӯш гардидааст.

Сокинони деҳаи Хуррамзамин, Пайканд 1, Пайканд 2 ва Нуристон имрӯзҳо пайи мумфаршкунии зиёда аз 5,2 км роҳи байнидеҳавӣ қарор дошта, дар ин кор саҳми соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша назаррас аст.

Сокини деҳаи Хуррамзамини деҳоти 10-солагии Истиқлолият Ҳоҷӣ Муродалӣ Ғафуров дар якҷоягӣ бо фарзандонаш 150 ҳазор сомонии барои сафари Ҳаҷ захира намудаашро барои ин кори хайр сарф намуд, ки намунаи ибрат барои дигарон мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки ин иқдоми сокинони деҳоти 10-солагии Истиқлолият барои ҳар фарди ватандӯсту худогоҳ ва сокинони дигар деҳаҳое, ки роҳҳои вайрону валангор доранд, шоистаи пайгирӣ аст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво