8 октябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон сохтмони 122 иншооти соҳаи тандурустӣ идома дорад

177
Дар Тоҷикистон сохтмони 122 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 77 бинои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), 36 госпитал ва 9 муассисаи тиббии хусусӣ ҷараён дорад. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар Тоҷикистон сохтмони 122 иншооти соҳаи тандурустӣ идома дорад
Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо мақсади беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори муассисаҳои соҳа дар 6 моҳи аввали соли 2023 аз тамоми манбаъҳо 36 муассиса (31-КАТС, 4 – госпиталӣ, 1 — хусусӣ) сохта ба истифода дода шудааст.

Инчунин, 118 муассиса (84 КАТС, 34 госпиталӣ) аз таъмир бароварда шуда, дар 137 муассисаи дигар (96 КАТС, 41 госпиталӣ) идома дорад. Ба ғайр аз ин, дар ин муддат бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазорат дору ва таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ дастрас шудааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво