17 июн 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Деваштич мумфаршкунии роҳ оғоз гардид

288
11 июл дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ба корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Муҷун оғоз бахшида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар медиҳад.
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Деваштич мумфаршкунии роҳ оғоз гардид
Иқдоми мазкур аз ҷониби сокинони деҳаи Меҳробод ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ гардида, дарозии роҳи мумфаршшаванда якҷо бо кӯчаҳои ҳамшафати он 6 километр ва паҳноияш 5 метрро ташкил медиҳад.

Дар оғозбахшии корҳои мумфаршкунӣ роҳбарияти ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Деваштич корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо сокинон барои истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.

Роҳбарияти ноҳия ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супориш доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Деваштич




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво