17 июн 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе намоиши ҷашнӣ дар мавзӯи «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ ёфт

216
12 июл дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори ворид шудани Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО намоиши ҷашнӣ дар мавзӯи «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз нобиғагони назми классикии тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун офарандаи беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Саҳми ӯ ҳамчун ориф ва адиби тоҷик дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ басо муҳим ва назаррас мебошад. Куллиёти Мавлоно «Маснавии Маънавӣ», «Девони Шамси Табрезӣ», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Маҷолиси Сабъа» ва «Мактубот»-ро дарбар гирифта, ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд.

Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – Зулфия Бурҳон санади асле, ки ворид шудани Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, баҳри нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» супорид.

Дар намоиши мазкур аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ намунаҳои гуногуни осори таърихию фарҳангии марбут ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, аз қабили нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии Маснавии Маънавӣ, Луби лубоб (шарҳи маснавӣ)-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, мусаввараҳо, қаламкашиҳо, пайкараи Мавлоно, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори Мавлоно ва дигар осори бостоншиносӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки инъикосгари рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.

Намоиши ҷашнӣ дар Осорхонаи миллӣ» то 01.08.2023 идома меёбад ва хоҳишмандон метавонанд дар ин муддат ба тамошои намоиши ҷашнӣ биоянд.

АКС: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво