15 сентябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Бӯстон чароғҳои равшанидиҳанда ба воситаи офтоб-гелиоколлекторҳо истеҳсол карда мешаванд

271
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо мақсади сарфаи энергияи барқӣ ва истифодаи сарчашмаҳои энергияи алтернативӣ истеҳсоли чароғҳои равшанидиҳандаи офтобӣ — гелиоколлекторҳо барои чароғонкунии кӯчаҳои шаҳр ва маҳаллаҳо дар нақша аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари сохтмони генераторҳои шамолӣ, истгоҳи офтобӣ, ки бо нури офтоб равшан карда мешавад, минбаъд коркарди партовҳо низ анҷом дода мешавад.

Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри беҳтар гардонидани шароити зисти сокинон ва ободу зебо намудани шаҳри Бӯстон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2022-2026, ки аз 223 банд иборат мебошад, тасдиқ намуд. Ин нақша –чорабиниҳо корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва амсоли инҳоро дар бар гирифтааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво