17 июн 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соли 2024 дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи ИДМ баргузор карда мешавад

1079
Соли 2024 дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Соли 2024 дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи ИДМ баргузор карда мешавад
4 июл ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблии Шӯро, чораҳои самарабахши муқовимат ба коррупсия ва равишҳои умумӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, байни роҳбарони аввали мақомоти муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вобаста ба корҳои анҷомдодашуда табодули афкор анҷом дода шуд.

Дар асоси қарори қабулгардида, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамраиси Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардида, тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯро соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво