35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. То ин ҷашн дар Турсунзода роҳҳои байнидеҳавӣ пурра таъмиру навсозӣ мешаванд
219
Тавре қаблан иттилоъ додем, ибтидои моҳи июн дар деҳаи Нақшбандони Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Турсунзода ба мумфаршкунии 1 км роҳи байнидеҳавӣ оғоз намуданд. Дар дигар деҳот низ ин корҳо идома дошта, тибқи нақша, то таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои байнидеҳавии ҳудуди деҳоти шаҳр пурра таъмиру навсозӣ карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Дар идомаи ҳамин созандагию бунёдкориҳо, дар Ҷамоати деҳоти «Сешанбе» бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, роҳбарияти ҷамоати деҳот, сокинони саховатпеша ва соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни фархундаи миллӣ боз ба навсозии 1 км роҳи байни деҳа оғоз карда шуд. Соли 2023 дар ҳудуди ҷамоату деҳоти шаҳри Турсунзода бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинони ватандӯсту соҳибкорони саховатпеша корҳои тармиму навсозии роҳҳои маҳаллӣ вусъат меёбад. АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |