21 сентябр 2023, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вохӯрии кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

303
Рӯзи 21 июни соли 2023 дар толори калони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Кумита бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) баргузор гардид.
 Вохӯрии кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Вохӯриро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита Мирзозода Низом Юсуфӣ ифтитоҳ намуда, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ ва хайрамақдам намуданд. Раиси Кумита дар идомаи сухан қайд намуданд, ки коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби аср, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфтаанд, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии кишвар эътироф гардидааст. Роҳбарияти Кумита баҳри бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ҷиҳати дар оянда ба вуқуъ наомадани онҳо тамоми чораҳоро андешида истодааст.
 Вохӯрии кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Сипас намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, доир ба таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, фаҳмондадиҳии хавфҳои коррупсия ва дарки зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он маълумоти муфассал доданд.
Дар хотимаи ҷаласа Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита Мирзозода Низом Юсуфӣ бо боварии комил изҳор доштанд, ки роҳбарияти Кумита дар радифи дигар масъалаҳои муҳим, бо ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, талош менамояд, ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Ҷилавгирӣ аз ин амали номатлуб яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати тоҷикон мебошад. Тавре таъкид гардид, дар мубориза бо ин вабои аср бояд тамоми ҷомеа иштирок намояд. Бояд тамои хизматчиёни давлатӣ хушёрию зиракиро аз даст надода, дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ фаъол бошанд, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тамоми нерую ғайрати худро равона созанд.
 Вохӯрии кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Дар замоне, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мардумро ба ҳар навъ ҳаракатҳои террористӣ ва ниҳоят номатлуб роҳандозӣ мекунанд, вазифаи мо зиракии сиёсиро аз даст надода, ин гурӯҳҳоро инкор кардан аст. Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад. Имрӯз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳими давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Тавре Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».
Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво