21 сентябр 2023, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сайёҳон ба тамошои Осорхонаи таърихии ноҳияи Темурмалик мароқ зоҳир менамоянд

329
Ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо бунёди инфрасохтори муосир тарҳи худро беҳбуд бахшидааст, дар ин баробар бо мавҷудияти мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Чилтан, Мақбараи Хоҷи Ҳусайни Хатлонӣ, ёдгории таърихии Қунғуртут мавриди таваҷҷуҳи сокинону сайёҳон қарор гирифтааст, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Сайёҳон ба тамошои Осорхонаи таърихии ноҳияи Темурмалик мароқ зоҳир менамоянд
Тавре сармутахассиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи мазкур Ҷалолиддин Сафарзод изҳор дошт, дар гузашта дар ҳар кӯчаи ноҳия ҳунармандон, аз ҷумла чармагарону кӯлолгарон ва чӯбтарошону амсоли онҳо кору зиндагӣ мекарданд ва ҳар кӯча бо номи ҳунарамандонаш муаррифӣ мешуд, ки намунаи ҳунари ин мардум дар Осорхонаи таърихии ноҳия ба номи Бобоюнус Худойдодзода гирд оварда шуда, тамошогаҳи сайёҳони хориҷӣ низ гаштааст.

Илова бар ин, яке аз ҷойҳои маъмулу баландарзиши осорхонаро гӯшаи тангашиносӣ ташкил медиҳад, ки мутаалиқ ба замони Темуриёну Сомониён мебошад.

Маҷмуан дар Осорхонаи ба номи Бобоюнус Худойдодзода 536 нигора маҳфуз мебошад, ки ҳамагӣ дар натиҷаи бозёфти бостоншиносон аз гӯшаҳои гуногуни ноҳияи Темурмалик ҷамъ оварда шудаанд.

Таъсиси Осорхонаи мазкур баҳри муаррифии таъриху тамаддуни қадимаи мардуми тоҷик дар ин гӯшаи Тоҷикистон ба меҳмонону сайёҳон мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво