35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик сохтмони 226 иншоот пешбинӣ шудааст
254
Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъмиру навсозии 226 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик иттилоъ доданд. Айни замон як қатор иншоот ба истифода дода шуда, дар қисмати дигари он корҳои сохтмонӣ аз рӯи нақша идома доранд. Бояд гуфт, ки дар ноҳия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд сохтмони биноҳои иловагӣ барои панҷ муассисаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Дар деҳаи Булакдашти Ҷамоати деҳоти ба номи Саймумин Раҳимови ин ноҳия сохтмони бинои муассисаи таълимии № 25 барои 240 ҷои нишаст аз ҷониби ҶДММ «Сафархон» идома дорад. Коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳандис-биносоз» ҳамин гуна иншоотро дар деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти «Танобчӣ» сохта истодаанд. Дар иншооти мазкур корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, корҳои дохили бино идома доранд. Дар корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар сохтмончӣ ҷалб карда шудаанд. Баъд аз анҷоми корҳои дохили бино ба корҳои андовагарӣ ва ободонии гирду атрофи бино ва муҷаҳҳазгардонӣ бо мизу курси ва дигар лавозимотӣ зарурӣ шуруъ менамоянд. Дар маркази ноҳия сохтмони бинои шуъбаи маориф аз ҷониби ҶДММ «Мирсоз» ба роҳ монда шудааст. Сохтмончиён бо масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот таъмин буда, корҳои андовагариро дар дохили бино анҷом медиҳанд. Дар корҳои сохтмонӣ 15 нафар сохтмончӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд. Иншооти дигари ҷашнӣ — бинои Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Темурмалик” мебошад. Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар қабати дуюм идома дошта, сохтмончиён мақсад доранд, ки онро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд сохта ба истифода супоранд. Дар маҷмуъ, дар ҳамаи иншооти ҷашнии ноҳияи Темурмалик корҳои сохтмонӣ хуб ба роҳ монда шуда, таъмири бинои таваллудхона ба анҷом расонида шудааст. Дар иншооти мазкур ҶДММ «Ёхсу» фаъолият дошт ва беш аз 60 нафар ба кор ҷалб гардида буд. Ҳоло муҷаҳҳазгардонии утоқҳои беморон, шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхона идома доранд. Ҳамзамон коргарон ба сабзу хуррамгардонии гирду атрофи бинои таваллудхона машғул мебошанд. Дар дигар иншооти таъйиноти гуногун корҳо аз рӯи нақша ҷараён дошта, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта ба истифода дода мешаванд. АКС: АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |