4 декабр 2023, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҳисор ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ вусъат меёбанд

89
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор оид ба омодагӣ ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои таъмиру навсозии роҳҳои мошингарди маҳаллӣ дар шаҳр вусъат мегиранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Бо мақсади таъмиру навсозии роҳҳои мошингарди шаҳр аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағҳои муайян ҷудо гардидааст. Кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард дар шаҳри Ҳисор дар роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе, ки аз ҳудуди 6 деҳа гузашта, масофаи 8 километрро ташкил медиҳад, якчанд минтақаи роҳро таъмири яклухт намуданд. Таъмиру мумфаршкунӣ дар дигар минтақаи боқимондаи роҳ муташаккилона ҷараён дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво