15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода мумфаршкунии роҳи байнидеҳавӣ оғоз шуд

225
Дар деҳаи Нақшбандони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият бо иштироки роҳбарияти шаҳри Турсунзода ба мумфаршкунии 1 км роҳи байнидеҳавӣ оғоз бахшиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Иқдоми мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва роҳбарияти Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият аз ҷониби сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси деҳа роҳандозӣ гардида, дар доираи корҳои ободонӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Соҳибкорони маҳал нақша доранд, ки дар марҳилаи дуюм, соли 2023 як км роҳи дигарро мумфарш намоянд.

Дар маҷмуъ, соли 2023 дар ҳудуди деҳоти 10-солагии Истиқлолият корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза дошта, зиёда аз 12 км роҳи байнидеҳавӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва сокинону соҳибкорони деҳот пурра таъмиру азнавсозӣ гардид.

Дар ин росто сокинон ният доранд, ки то таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои байнидеҳавии ҳудуди деҳотро пурра таъмиру азнавсозӣ намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво