5 декабр 2023, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ аз Қалъаи Ҳисор ва боғи «Шаршара» боздид намуд

154
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор боздид намуд.Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ аз Қалъаи Ҳисор ва боғи «Шаршара» боздид намуд

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр, назди лавҳаи монументалии рамзии «Водии зарнисор» ва дар остонаи Арки Қалъаи Ҳисор тибқи анъанаи аҷдодӣ бо нону ширинӣ роҳбарияти шаҳр истиқбол гирифт.Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ аз Қалъаи Ҳисор ва боғи «Шаршара» боздид намуд

Меҳмонон аз Арк, Аскархона, Амфитеатр, Қасри Ҳоким, дӯконҳои ҳунармандӣ ва растаҳои фурӯши армуғонҳо дидан намуданд.

Роҳбалади Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳр ба меҳмонон оид ба таърихи сеҳазорсолаи Ҳисори шодмон мухтасар маълумот дод. Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана ҳамзамон аз боғи зимистонаи «Шаршара» боздид намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво