Сафари кории Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон![]() ![]() Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 31 майи соли 2023 баён доштанд ва барқияи ҳукуматӣ аз 2 июни соли ҷорӣ, №24/10-20 Раиси Кумита Мирзозода Низом Юсуфӣ якҷо бо гурӯҳи корӣ иборат аз роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита ва раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос гардиданд. ![]() Бояд қайд намуд, ки барои сайругашт ва истироҳати сокинони ноҳия азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия идома дорад. Раиси Кумита ҷиҳати тезонидани сохтмони дарвозаи даромадгоҳи боғ бо санъати меъмории миллӣ, суръат бахшидан ба бунёди муҷассамаи мутафаккири шарқ Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷойи бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон, суҳбатҷойҳо, амфитеатр барои гузаронидани чорабиниҳо ба роҳбарияти ноҳия ва масъулин маслиҳатҳо доданд. ![]() Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар иншоотҳои сохташудаистодаи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва дигар иншоотҳое, ки аз тарафи соҳибкорон бунёд шуда истодаанд, Раиси Кумита барои бо сатҳу сифати баланд дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода супоридани онҳо фармоишгар ва пудратчиёнро вазифадор намуданд. Баъдан аз рафти корҳои саҳроӣ, истифодаи замин, парвариши картошка, сабзавот, мевагӣ, пахта ва дигар маҳсулоти полезӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дубеда»-и ҷамоати деҳоти Иттифоқ дидан намуданд. Дар навбати худ гурӯҳи кории Кумита аз 8 ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дидан намуда, ҳангоми вохӯрӣ бо аҳолӣ оид ба вусъатбахшии раванди корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводи хӯрока, ![]() Ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 31 майи соли ҷорӣ баён доштанд, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо фаъолони ноҳия вохӯрии корӣ анҷом доданд. ![]() ![]() баррасӣ қарор дода шуда, муовинони раис, сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор карда шуданд. Дар соҳаҳои кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, роҳдорӣ, дигар иншооти инфрасохторӣ ва паҳлуҳои хоҷагии халқи ноҳия мушкилотҳо муайян карда шуда, дар асоси таҳлилу пешниҳодҳои гуруҳи корӣ як қатор масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳалталаб ба нақша гирифта шудаанд. Аз натиҷаи сафари гурӯҳи корӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, иҷроиши он дар муҳлатҳои муқаррагардида таъмин карда мешавад.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |