Аз 6 то 9 июн гурӯҳҳои таблиғотӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд![]() ![]() Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, ба гурӯҳҳои мазкур роҳбарони мақомот, олимону муҳаққиқон, адибону рӯзноманигорон, собиқадорони меҳнат шомил гардидаанд. Гурӯҳе, ки роҳбарии онро сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода ба зимма дорад, чунин як вохӯриро бо сокинон дар маҳаллаҳои Навобод, Зархез ва Зарбдори шаҳри Бохтар бо усули «хона ба хона» доир намуд. Дар суҳбатҳо дастуру тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, 27 апрели соли ҷорӣ баён гардиданд, шарҳ дода шуд. Ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷилавгирӣ аз тақлиду пайравӣ ба фарҳанги бегона, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи самарабахши қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, захираи маводи озуқа, омодагӣ ба фасли зимистон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи мавзуъҳои меҳварии ин суҳбату мулоқотҳо буд. АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |