15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ишкошим дар 80 иншоот корҳо бо мароми тоза идома дорад

321
Ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади вусъати корҳо дар иншооти сохташаванда ва бо сифату дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонидани онҳо роҳбарияти ноҳия бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ суҳбат намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ишкошим дар 80 иншоот корҳо бо мароми тоза идома дорад
Иброз карда шуд, ки нақшаи тасдиқгардида 104 бандро дар бар гирифта, маблағи умумии пешбинишуда 165 миллиону 71 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 20 иншоот ё худ 19,2 фоиз ба маблағи умумии 80 миллиону 204 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби вазорату кумитаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ишкошим, 30 иншоот ё 28,8 фоиз аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ба маблағи 74 миллиону 228 ҳазору 200 сомонӣ, 54 иншоот, яъне 52 фоиз аз ҳисоби ҳамватанони бурунмарзӣ ва соҳибкорон ба маблағи 10 миллиону 639 ҳазор сомонӣ мебошад.

Дар ҳудуди ноҳия сохтмони 10 дидбонгоҳи сарҳадӣ аз ҷониби вазорату идораҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки дар ҳудуди ноҳия ҳоло зиёда аз 10 ширкат ба сохтмони иншооти таъйиноти гуногун машғул буда, дар 80 бино корҳо идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво