20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

МУҲОКИМАИ ПАРЛУМОНӢ. Он ба зиёдшавии андозаи нафақаи заминавӣ ва дигар нафақаҳои амалкунанда бахшида шуд

180
Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», зиёдшавии андозаи нафақаи заминавӣ ва дигар нафақаҳои амалкунанда дар иртибот ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокимаи парлумонӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Дар ҷаласа роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Иброз гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоиву иқтисодии ҳар мамлакат буда, яке аз шартҳои ҳатмӣ ва муҳими эҳёи сиёсати иҷтимоӣ ва омили таъмини амнияти давлат дар шароити муосир ба ҳисоб меравад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «ҳадафи олӣ ва асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат бояд беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагонии аҳолӣ бошад».

Бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳо дар таъмини нафақаи шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки аз 12 фасл ва 120 модда иборат буда, ба тамоми шаҳрвандоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқи таъминоти моддиро тавассути додани нафақаҳои меҳнатию иҷтимоӣ кафолат додааст.

Ин қонун ягонагии шарту меъёрҳои таъмини нафақаи коргарону хизматчиён ва дигар шаҳрвандонро муқаррар намудааст.

Қонун ҳимояи иҷтимоии нафақахӯронро бо роҳи муқаррар намудани нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон, хизмати дарозмуддат ва нафақаҳои иҷтимоӣ барои ҳадди ақалли зиндагӣ, инчунин мунтазам дида баромадани андозаҳои онҳо бинобар каму зиёд шудани андозаи сабади истеъмолӣ кафолат додааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» 12 январи соли 2010 қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва уҳдадории мақомоти давлатӣ, шахсони воқеию ҳуқуқӣ, тартиби таъйин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, инчунин манбаъҳои маблағгузории онҳоро муайян менамояд.

Баҳри амалӣ намудани меъёрҳои қонунҳои қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроия ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ваколатдор буда, дар доираи салоҳияти худ таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 апрели соли 2023, шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ 765 378 нафарро ташкил менамояд. Талаботи моҳонаи онҳо ба нафақа 256,3 млн сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 млн сомонӣ ё 1,9 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2023 аз шумораи умумии нафақагирон гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ 317 347 нафар, нафақаҳои суғуртавӣ 259 578 нафар ва нафақаҳои иҷтимоӣ 188 453-ро ташкил медиҳад.

Зимни муҳокимаи парлумонӣ ва баъди саволу ҷавоби масъулини соҳа бо вакилони Маҷлиси намояндагон қарори дахлдор қабул карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво