24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бахшида ба ин ҷашн дар Ҳисор сохтмони бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ оғоз ёфт

158
Дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Ҳисор сохтмони бинои истиқоматии 16-қабата оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ роҳбарияти шаҳри Ҳисор иштирок намуда, бо лоиҳаи бинои бисёрошёна шинос шуд.
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бахшида ба ин ҷашн дар Ҳисор сохтмони бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ оғоз ёфт
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 168 хонаи истиқоматӣ иборат буда, дар ошёнаи якуму дуюм марказҳои савдою хизматрасонӣ бо назардошти даҳҳо ҷойи кори доимӣ ҷойгир карда мешавад. Ҳар ошёна аз 8 хонаи дуҳуҷрагӣ ва чор якҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, фармоишгар ва пудратчии асосии иншоот ҶДММ «Муродалӣ» мебошад. Дар корҳои сохтмонӣ беш аз 20 шаҳрванд бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардидааст.

Бино аз ду даромадгоҳ бо чор лифти доимамалкунанда, ки дар ҳолати набудани барқ низ ба таври худкор (автоматикӣ) фаъол мебошанд, иборат буда, бо истифода аз чоҳи амудии худӣ ба таври шабонарӯзӣ бо об таъмин мегардад. Инчунин истиқоматкунандагони бино метавонанд аз интернети баландсуръати доимӣ бемамониат истифода намоянд. Дар таҳхона ва назди бино барои мошинҳо бунёди истгоҳ ва таваққуфгоҳ дар назар дошта шудааст.

Раиси шаҳр зимни суҳбат бо сохтмончиён иброз дошт, ки иншоот дар кӯчаи асосии шаҳр бунёд меёбад, бинобар ин дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ба намои зоҳирӣ ва сифати маҳсулоти истифодашаванда таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Тасмим гирифта шудааст, ки иншооти мазкур соли 2026- дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво