29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии пешвои миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев намоиши аксҳо ташкил шуд

240
Ба ифтихори 100-солагии пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳо ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии пешвои миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев намоиши аксҳо ташкил шуд

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоишгоҳ аксҳо ва маълумоте ба намоиш гузошта шуд, ки давраҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Ҳайдар Алиев, аз қабили фаъолияти расмӣ, кор дар даврони Шӯравӣ ва солҳои истиқлол, вохӯрию сафарҳо ба вилоятҳои гуногуни Озарбойҷон ва хориҷи ин кишварро инъикос мекунанд.

Дар намоиш директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллии Озарбойҷон сухан намуда, нақши Ҳайдар Алиевро дар рушди давлатдории муосири Озарбойҷон муассир арзёбӣ намуданд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии пешвои миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев намоиши аксҳо ташкил шуд



АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво