18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар иншооти ҷашнии вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд

163
Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар иншооти ҷашнии вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд
Нахуст сохтмони Маркази диллерии «Тойота» ва Маркази савдои фирмавии «Хонаи ман» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки бо иқдоми ҶДММ «Таҷмоторс» Маркази диллерии «Тойота»-и кишвари Ҷопон ташкил гардида, минбаъд мошини ширкати маъруфи «Тойота» ва қисмҳои эҳтиётии он мустақиман дар ин маркази савдо фурӯхта мешавад.

Аз ҷониби ҶДММ «Хонаи ман» бо ширкатҳои кишвари Дания шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, минбаъд асбобу техникаи маишии барои хона зарурӣ дар Маркази савдои фирмавии «Хонаи ман» бо нархҳои дастрас фурӯхта мешаванд. Маркази савдо аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар таҳхона ва ошёнаи якум лавозимоти рӯзгор ва маишӣ фурӯхта мешавад, дар ошёнаи дуюм барои фароғату бозии кӯдакон- фарзандони харидорон «Олами бачагон» ба истифода дода мешавад.

Дар маҳаллаи «Темурмалик»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми муассисони ҶДММ «Папириус» сохтмони корхонаи коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ идома дорад. Ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ ояндаи наздик коргоҳи бузурги коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонад, ки он пурра воридотивазкунанда буда, талаботи рӯзафзуни аҳолиро ба ин намуди маҳсулот то қадри имкон қонеъ менамояд. Ояндаи наздик баъди баистифодадиҳӣ дар корхона намудҳои гуногуни дафтар ва дигар ашёи хониш истеҳсол карда мешавад.

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар иншооти ҷашнии вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд
Дар микроноҳияи 27-уми шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкати ҶДММ «Сохтмони Кабир» корхонаи истеҳсоли конструксияҳои оҳанӣ ҷараён дорад. Иқдоми бунёди чунин корхонаи саноатии воридотивазкунанда аз ҷониби соҳибкор Комил Турдибоев амалӣ шуда, ширкати мазкур ояндаи наздик тамоми иншооти бузурги бо конструксияҳои оҳанӣ сохташавандаро дар дохили мамлакат бо маҳсулот таъмин менамояд. Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонии Маркази ташхисию табобатии «Садаф», ки дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд» бунёд шуда истодааст, шинос шуданд.

Марказ аз ҷониби муассиси ҶДММ «Садаф» Наимҷон Тӯраев сохта шуда, ба марказ мутахассисони баландихтисоси соҳа ҷалб карда мешавад.

Дар фарҷоми боздид Раиси вилояти Суғд ба масъулини корҳои сохтмонӣ ҷиҳати анҷом додани корҳо бо сифати баланд ва истифодаи масолеҳи ватанӣ, инчунин батартибдарории ҳудуди иншооти ҷашнӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ дастурҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво