25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи фарҳангию фароғатӣ доир мегардад

58
Имрӯз, 1 июн, соати 18:00 бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт таҳти унвони «Кӯдакон-дунёи моянд!» барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ба тамошо гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон дар назар дошта шудааст. Зимни он ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.

Инчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе барномаҳои тарбиявию маърифатӣ ба роҳ монда шудааст, ки то охири рӯз барои хотирмон таҷлил намудани ин ид манзури кӯдакон гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон гузаронида мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки баргузории он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба роҳ монда шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво