23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо мақсади барпо намудани ҳамкорӣ

95
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумита аз натиҷаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо мақсади тарбияи кадрҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дода шудааст, имрӯз Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ аз факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо мақсади тарбияи кадрҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ боздид ба амал оварданд.
Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо мақсади барпо намудани ҳамкорӣ
Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо мақсади барпо намудани ҳамкорӣ
Дар Факултети сохтмон ва меъморӣ 10 кафедраи тахассусӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 ихтисос кадрҳои баландихтисоси дараҷаи бакалавриат ва аз рӯйи 7 ихтисос кадрҳои баландихтисоси дараҷаи магистратура тайёр карда мешаванд.
Кафедраҳои факултет бо озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар онҳо донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва докторантон корҳои озмоишӣ ва тадқиқоти илмӣ мегузаронанд. Кафедраҳо ва озмоишгоҳҳои факултет бо истеҳсолот робитаи зич дошта, дар баробари таълим дар корҳои илмӣ-истеҳсолӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.
Имрӯзҳо дар факултет 135 нафар устодону кормандон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 50 нафарашон дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ буда, 10 нафарашон докторони илм ва 40 нафарашон номзадони илм мебошанд.

Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо мақсади барпо намудани ҳамкорӣ
Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо мақсади барпо намудани ҳамкорӣ
Ҳангоми суханронӣ дар вохӯрӣ бо донишҷуён ва омӯзгорони факултет Раиси Кумита оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои меъморӣ, сохтмон ва инноватсия, ҷиҳати конеъ гардонидани талабот дар самтҳои баланд бардоштани самаранокии омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, гузаронидани барномаҳои муштараки илмию тадқиқотӣ, чорабиниҳои роҳнамоии касбӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи меъморӣ ва сохтмон, пазируфта шудани зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пойгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар самтҳои таҳсил ва дарсомӯзии фосилавӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, магистрантон, докторантон, аспирантон, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ, таҳия, коркард, мувофиқасозӣ ва амалинамоии барномаҳои таълимӣ, ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи меъморию сохтмонии
Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо мақсади барпо намудани ҳамкорӣ
Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо мақсади барпо намудани ҳамкорӣ
сатҳи байналмилалӣ, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, мастер-классҳо, ташвиқ ва ҷорӣ намудани комёбиҳои пешрафти илму техника дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ, пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар самти лоиҳакашӣ, ташкил ва идоракунии истеҳсолоти сохтмон, андешидани чораҳо оиди таъмини ҷойи корӣ ба хатмкунандагон, масъалагузорӣ намуданд.
Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо мақсади барпо намудани ҳамкорӣ
Боздиди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо мақсади барпо намудани ҳамкорӣ
Аз натиҷаи вохӯрӣ шартномаи ҳамкории байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ оид ба масъалаҳои тарбияи кадрҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ, беҳтар намудани заминаи моддию таълимии донишгоҳ, густариши ҳамкориҳои илмиву амалӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии кадрҳои сохтмонӣ, барномаҳои асосии таълимоти касбӣ ва дигарон ба имзо расонида шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво