8 октябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

АҲСАНТ! Донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Мария Чебоненко сазовори медали тиллои озмуни байналмилалӣ гардид

159
Донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи «Фортепиано»-и Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов Мария Чебоненко дар Озмуни байналмилалии «Классикаи зинда-2023», ки дар Федератсияи Русия доир шуд, сазовори медали тилло гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Коллеҷи мазкур хабар доданд.

Озмуни байналмилалӣ аз 4 то 25 май доир шуда, дар он кӯдакону наврасони манотиқи Русия ва дигар давлатҳои дунё иштирок намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар тӯли 10 соли баргузории озмун дар он беш аз 10 миллион хонанда аз ҳудуди Русия ва 80 давлати ҷаҳон иштирок кардааст.

АКС: Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво