19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода 8 километр роҳи мошингард ба истифода дода шуд

176
Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиëзода, роҳбарияти шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор 8 километр роҳи мошингарди Ҷамоати деҳоти 10- солагии Истиқлолият баъди тиҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода 8 километр роҳи мошингард ба истифода дода шуд
Роҳи мазкур аҳамияти маҳаллӣ дошта, аз он сокинони деҳаҳои Исмоили Сомонӣ, Шарқиëн ва Файзбахш истифода менамоянд. Таъмири роҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафи он фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум дар заминаи ба вуҷуд овардани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиëт мебошад. Қаблан сокинони ин гӯшаи дурдасти шаҳри Турсунзода аз сабаби набудани чунин роҳ азият мекашиданд ва акнун ин мушкилӣ аз байн рафт.

Зимни иҷрои корҳо ба сифати масолеҳ аҳамияти хосса зоҳир гардида, талаботи соҳа пурра ба инобат гирифта шудааст. Роҳ асосан тавассути деҳаҳо мегузарад ва барои таъмини бехатарии сокинон аломатҳои танзимкунанда насб намуда шудаанд. Ин амали созандагӣ, яъне асфалтпӯшнамоии роҳи деҳоти 10-солагии Истиқлолият бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ анҷом дода шуд.

Дар шаҳри Турсунзода ба таъмиру таҷдид ва навсозии роҳу пулҳо низ диққати махсус зоҳир мегардад. Танҳо соли равон 11 километр роҳ аз таъмири асосӣ ва 13 километр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Дар ҳамин замина роҳи мошингарди деҳаи Чуқуркат, ки 2 километр мебошад, аз таъмир бароварда шуда, мавриди истифодаи мардум қарор дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво