16 июл 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Офтоб доғи сиёҳе пайдо шудааст, ки аз Замин калонтар мебошад

136
Дар сатҳи Офтоб доғи сиёҳе пайдо шудааст, ки андозаи он аз Замин чор маротиба калонтар мебошад, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба Ladbible.com.
Дар Офтоб доғи сиёҳе пайдо шудааст, ки аз Замин калонтар мебошад
Иттилоъ шудааст, ки доғ ба қадри кофӣ калон буда, онро бе истифодаи ягон асбоб дидан мумкин аст.

Худи доғҳои Офтоб шояд мушкилӣ надошта бошанд, аммо онҳо метавонанд башоратдиҳандаи ягон хатари бузург бошанд.

Доғи офтоб -ин доираи сатҳи Офтоб мебошад, ки нисбат ба мавзеъҳои атрофи ситора хунуктар аст. Доғҳои офтобӣ хеле маъмул мебошанд, зеро миқдори зиёди неру дар дохили Офтоб метавонад онро хеле ноустувор гардонад.

Доғҳои Офтоб баъзан бо алангаҳои офтобӣ, партобҳои азими фотонҳо аз сатҳи Офтоб ба фазо алоқаманд мебошанд. Баъзеи онҳо метавонанд аз Замин чанд маротиба калонтар бошанд ва ба фаъолияти дастгоҳҳои электронӣ халал расонанд. Ин маънои онро дорад, ки алангаи махсусан номувофиқи офтобӣ метавонад сабаби қатъи неруи барқ ​​дар саросари ҷаҳон гардид.

Дурахши офтобӣ бояд дар он тарафи Офтоб, ки ба Замин рӯ ба рӯ аст, ба амал ояд, то чунин хатарро нишон диҳад. Доғҳои Офтоб метавонанд нишонаи хуруҷи он бошанд, зеро онҳо нишон медиҳанд, ки як қисми сатҳи Офтоб махсусан тағйирёбанда аст.

Бузургтарин оташакҳоро алангаҳои таснифи X меноманд ва онҳо дар ҳақиқат бузург мебошанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво