19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФАРЗАНДОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Дар шаҳри Хоруғ бо падару модарони хонандагон вохӯрӣ доир шуд

148
25 май дар шаҳри Хоруғ ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо волидайни хонандагон вохӯрӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хоруғ.

Вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, гурӯҳи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ, инчунин ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ВМКБ бо падару модарони хонандагони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд.

Масъулин ба волидони хонандагон тавсия доданд, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиии худро хуб дарк намуда, фарзандонро бо роҳи рост, омӯзиши илму ҳунар ва ободониву созандагии Ватани азизамон — Тоҷикистон ҳидоят намоянд.

Гуфта шуд, ки соли хониш ба охир расида, хонандагон ба истироҳати тобистона мебароянд ва волидайн бояд кӯшиш намоянд, ки фарзандонро беназорат нагузошта, барои босамар гузаронидани таътил, дар тартиб додани реҷаи рӯзи онҳо кумак расонанд. Талош намоянд, ки фарзандон дар ин давра ба бозиҳои варзишӣ, тамрин, сайру сайёҳат дар мавзеъҳои таърихӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ ва дигар амалҳои муфид машғул шаванд.

«Ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти онҳо масъулият ва вазифаи аввалиндараҷаи падару модар дар назди ҷомеа, миллату давлат мебошад», — иброз доштанд иштирокчиёни вохӯрӣ.

Тазаккур дода шуд, ки волидон бояд аз ду ниҳод мактаб ва ҷомеа дида, бештар ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳ намоянд ва онҳоро ба интихоб намудани касбҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯй равона намоянд.

Дар интиҳои вохӯрӣ ба волидайни гирандагони стипендияи Президентӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ тақдим гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хоруғ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво