20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарфор Ҳоҷӣ Амон» ба истифода дода шуд

239
Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарияти шаҳр Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарфор Ҳоҷӣ Амон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарфор Ҳоҷӣ Амон» ба истифода дода шуд
Корхонаи мазкур дар деҳаи Регари Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бо саҳми соҳибкори ватанӣ Акбар Ҳомидов дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саноатикунонии мамлакат сохта шуда, дар марҳилаи аввал 4 намуд маҳсулот, аз қабили чойник, пиёла, коса ва табақ истеҳсол карда мешавад.

Корхона бо технологияи соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, тавассути он маҳсулоти хушсифат истеҳсол мегардад. Ашёи хом барои истеҳсоли чойник, пиёла ва коса аз хориҷи мамлакат ворид карда шуда, баъди дар чанд марҳила коркард намудан аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол мегардад. Дар навбати авал дар корхона бештар аз 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид, ки бештари онҳо занон мебошанд. Корхонаи мазкур дар як сол бо иқтидори то 500 ҳазор адад маҳсулот истеҳсол менамояд, ки ин раванд имконият медиҳад ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш дода шавад. Роҳбарияти корхона ният доранд, ки дар оянда бо ворид намудани хати нави технологӣ ҳаҷми истеҳсолро зиёд намуда, шумораи кормандонро ба 60 нафар расонанд ва маҳсулоти хушсифати ватанӣ истеҳсол кунанд.

Дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарфор Ҳоҷӣ Амон» ба истифода дода шуд

Рушди соҳаи саноат дар шаҳри Турсунзода дар заминаи аз ҷониби давлат дастгирӣ ёфтани бахши хусусӣ ва пешниҳоди имтиёзу имконият барои соҳибкорон таъмин гардида, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Турсунзода бунёди беш аз 20 коргоҳу корхонаи нав ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз аксари он сохта шуда, фаъолият мекунанд. Тавассути бунёди корхонаҳои нав номгӯи маҳсулоти санотӣ ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво