28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон раванди татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд

98
Раванди иҷрои мувофиқаҳои ҳосилшуда байни Роҳбарони олии Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи саноат, энергетика, геология, логистика ва содирот зимни мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии Вазири маъданҳои кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон Бобир Исломов дар Душанебе баррасӣ шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳамзамон аҳамияти амалишавии лоиҳаҳои муштаракро тибқи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки 12 майи соли равон дар Тошканд доир гардид, таъкид карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин натиҷаи сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Узбекистонро ба минтақаҳои саноатию энергетикӣ ва таърихии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ, ки 22-23 май доир шуд, баррасӣ намуданд.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани иқдоми мушаххас санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво