29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари бадеии Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун» Сабоҳат Қосимова аз олам даргузашт

175
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари бадеии Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун», ҳунарманди маҳбубу шинохта Сабоҳат Қосимова дар синни 72 солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари бадеии Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун» Сабоҳат Қосимова аз олам даргузашт
Сабоҳат Қосимова соли 1973 шуъбаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар солҳои 1973—1989, 1999—2002 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, аз соли 1990 ҳунарпеша ва роҳбари бадеии Театри Аҳорун буд.

Беҳтарин нақшҳои офаридаи Сабоҳат Қосимова дар Театри Лоҳутӣ ин Адиба («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Ҳабиба («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и Сотим Улуғзода), Шараф («Корвони бахт»-и Мирсаид Миршакар), Неля («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Мадлена («Тӯдаи риёкорон»-и М. Булгаков) ва ғайраҳо мебошанд.

Дар Театри «Аҳорун» нақшҳои Зулайхо («Юсуфи гумгашта…»-и Ҷомӣ), Карделия («Шоҳ Лир»-и Шекспир), Ширинкор («Шоҳ Фаридун»-и Фирдавсӣ) ва ғайраро бо маҳорати баланд бозидааст.

Ӯ ҳамчунин дар зиёда аз 100 намоишу спектаклҳои телевизионӣ нақш бозидааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво