28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон «Маркази коркарди маълумот» ифтитоҳ ёфт

102
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маркази коркарди маълумот» таъсис ёфт. Мақсади ташкили ин Марказ идоракунии ҷараёни иттилоот ва таҳлили маълумот мебошад. Инчунин он вокуниши саривақтиро ба тағйироти вазъ таъмин намуда, имкон медиҳад, ки барои пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар гузаргоҳҳои гумрукӣ тадбирҳои самаранок андешида шавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Дар маросими ифтитоҳи Маркази мазкур сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, сардори Раёсати Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Эртен, ҳамоҳангсози Барномаҳои байналмилалии СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юсуф Қурбонов ва ҳайати кормандони мақомоти гумруки мамлакат иштирок намуданд.

Дар маросими кушодашавӣ гуфта шуд, ки ифтитоҳи «Маркази коркарди маълумот» натиҷаи ҳамкории созанда бо шарикони рушд дар самти такмили низоми гумрукӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти ҷумҳурӣ буда, дар чаҳорчӯби Барномаи Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон Маркази мазкур ҳамоҳангии байниидоравӣ дар соҳаи кори мониторинг дар тамоми гузаргоҳҳои сарҳадиро пурзӯр намуда, ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили мутамаркази иттилоот дар бораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқ ва вайрон кардани дигар қоидаҳои гумрукиро содатар менамояд.



Сардори Раёсати СММ Мустафо Эртен оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ифтитоҳи «Маркази коркарди маълумот» ба баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идоракунӣ ва афзоиши даромади гумрукӣ мусоидат менамояд.

Таъкид шуд, ки Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон барномаву тарҳҳои худро роҳандозӣ менамояд, ки ҳамаи онҳо ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психоактивии нав, прекурсорҳои онҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ ва қочоқи одамон, табобати нашъамандон, таъмини шароити мусоид барои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ, назорати ҳамлу нақли контейнерҳо, ҳифзи сарҳадот ва таҳкими зарфияти кормандони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва расонидани кумаки техникӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудаанд.

Созмони мазкур дар Тоҷикистон якчанд барномаву лоиҳаҳо, аз қабили лоиҳаи «Таҳкими назорати хатти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон», лоиҳаи «Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – марҳилаи II», Барномаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (солҳои 2015-2019, 2022-2025), Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо ва ғайраро амалӣ менамояд. Намояндагони Тоҷикистон дар тамоми чорабиниҳои ин созмон, аз ҷумла, вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ, машварату тренинг ва амалиёт пайваста фаъолона иштирок менамоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво