21 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Қазон иштирок намуданд

162
Аз 18 то 19 майи соли равон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Форуми байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Русия — ҷаҳони исломӣ: Kazan forum» бо иштироки намояндагон аз 64 давлати ҷаҳон баргузор гардид. Дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, вобаста ба шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Тоҷикистон ҷиҳати рушди зеҳнии наврасону ҷавонон сухан гуфтанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур.

Намояндагони Тоҷикистон дар ин Форум аз ҷумла иброз доштанд, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии мо барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон шароит фароҳам оварда шуда, барои пешафти ҳаёт, хусусан рушди зеҳнии онҳо чандин барномаву стратегияҳо татбиқ мешаванд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.

Бояд гуфт, ки дар Форуми мазкур роҳбарият ва намояндагони дигар давлатҳо низ дар мавзуи мавриди назар изҳори андеша карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво